Ба гузориши агентҳои хабарӣ «Абно» бо истинод ба Ал-Ҷазира, Вазорати ҷанги Амрико (Пентагон) имрӯз (сешанбе) бо нашри байёна эълом кард: «Мо шартномае ба арзиши тақрибан 23 миллиард долларро барои суръат бахшидан ба истеҳсоли мушакҳои "Томҳок" ба ширкати амрикоии "Рейтеон" (Raytheon) вогузор кардаем».
Дар байёнаи Вазорати ҷанги Амрико дар ин бора даъво шудааст: «Аз истеҳсолкунандагони аслиҳа хостаем, ки истеҳсоли муҳиммотро афзоиш диҳанд. Шартномаи истеҳсоли мушакҳои Томҳок қобилияти моро барои таъмини шохаҳои гуногуни нерӯҳои низомиамон беҳтар мекунад ва бартарии ҷангии устувори нерӯҳои моро таъмин менамояд!»
Пентагон дар ин бора даъво кард: «Шартномаи истеҳсоли мушакҳои Томҳок бо суръат қобилиятҳои зарурӣ барои мубориза бо таҳдидҳои навинро низ фароҳам меорад!»
Your Comment